Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дар истгоҳи дигар моҳибирён харида, бе нон таҳтӯл кардем. Роҳи Мадинаи мунаввара дар як қитъа аз наздикии соҳили шарқии баҳри Сурх мегузаштааст. Аз тирезаи автобус гоҳ-гоҳе халиҷҳои ба домани биёбон сардароварда, яктанимта заврақҳои ба соҳил чаппа карда мондашуда ё бодбони қаиқҳои дури моҳигирон ба назар мерасид ва зуд ғоиб мегардид.
Автобуси мо бағоят тез мегашт. Ҳар замон аз ягон форд,
1 кадиллак ё мерседеси сабукрав пеш мегузашт. Дар хусуси автобусҳои дигар бошад, ҳоҷати гап набуд. Мо аз онҳо чун ҳавопаймои реактивӣ аз тайёраҳои одии винтумоторӣ гузашта мерафтем.
Зани ду кӯдакдори аз тарафи чапи ронанда ва зани як кӯдакдори аз дасти рости ӯ нишаста – ҳар ду занҳои вай будаанд. Зани тарафи рост ҷавонтар менамуд ва ҳар соат чашмбанди худро боло карда папирос мекашид ва ба шавҳараш низ папирос дуд кунонида медод.
Темурҷонқорӣ суруди арабиро дар бораи чор ёри пайғамбар бо овози баланд замзама мекард. Махсуми миҷ-миҷдаҳон якта моҳии аз ношто изофӣ мондаро ба рӯи зонуяш рӯмол паҳн карда хӯрд ва акнун халтачаи ҳалворо бароварда, «обаки дандон» мемакид. Ошнои ҳалвогарам дина «дар сафар мехӯред» гӯён аз ҳалвоҳои турши даҳончаспаки корхонаи худ як халтачаи селофанӣ ҳадя оварда буд. Махсум «бори духтурамонро сабук кунем» гуфт, ҳамон халтачаро ҳамроҳаш бардошта мегашт.
Роҳи асфалт ба самти ғарб майл кард. Биёбони ҳамвор тамом шуда, аз ду тараф кӯҳсори паст сар шуд. Кӯҳҳои ин ҷо
Номи мошинҳои сабукрави хориҷа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё