Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҳамагӣ ҳамин хел паст-пасти теппамонанд будаанд. Бо аксари теппаҳо ё дараҳои хурди сари роҳ нақле ё ривояте алоқаманд будааст. Абдухалилакаи ду карат ҳоҷӣ ба сифати донишманди таърихи ин мавзеъҳо ҳар дам диққати моро ба ягон харсанги аҷоиб ё хоктеппае равона карда, аз ҳадиси пайғамбар ё саргузашти ҳазрати Алӣ, ё худ Амир Ҳамза, ё аз
1 душмани ашадии онҳо Мусайлимаи кофири каззоб ривоятҳое мегуфт.
– Ҳӯ-ӯ ана ба он харсанг нигоҳ кунед, – мегуфт ҳоҷӣ Абдухалилака ягон харсанги азими дар канори роҳ эҳтимол миллионҳо сол ин ҷониб ғелида хобидаро бо ангушт нишон дода. – Ана ҳамин сангро ҳазрати Алӣ – шери худо аз кӯҳи Қоф истода, ба фалахмони худ андохта, ба сари кофирҳо ғурронидаанд…
– Ана ин ҳавзе ки мебинед, изи суми Дул-дули шуҷоъ мебошад…
– Ҳо-о мана вай кӯҳро Амир Ҳамза бо шамшер зада қалам кардаанд…
Одатан баъди ҳар намоз ё худи Қориака, ё Темурҷонқорӣ, ё касе аз қориҳои куҳансол муддате қуръон тиловат мекунанд. Имрӯз бомдод ҳангоми тиловат қорӣ Зулфиқор реги пеши ҷойнамозашро бо ангушт тит мекард, ки гӯшмоҳие баромад. Пас аз фотиҳа ӯ гӯшмоҳиро ба ҳоҷӣ Абдухалилака нишон дод. Ду карат ҳоҷии мо ривояте гуфтанд, ки мувофиқи он дар ҳамин ҷои намозхондаи мо ҳазору чаҳорсад сол муқаддам дар байни лашкари пайғамбар ва Мусайлимаи баддину бадкешу бадниҳод ҷанги хунине шуда будааст. Кофирон бисёр будаанд ва шикасти мусулмонон наздик расида будааст. Баногоҳ бо амри худо ба лашкари пайғамбар мадад расидааст. Осмон аз уфуқ то уфуқ тира гардида, моҳиёни да-

1 Ҳанӯз дар айёми зиндагии пайғамбар Муҳаммад ибни Абдуллоҳ сардорони чанд қавми дигар низ аз ӯ ибрат гирифта, худро пайғамбар эълон карда буданд. Асвадудайн Мусайлима, Талайҳа бин Холид ва Саҷаҳ ном зани араб аз ҷумлаи онҳоянд. Даъвогарони дигар ва лашкари онҳо дар муҳорибаҳо бо қӯшунҳои Муҳаммад шикаст хӯрда буданд.

пешина
аз 247
навбатӣ