Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Корат набошад. Ба таки девори каъба ки расидӣ, нағзакак ибодат карда, аз худо илтимос кун, ки ба ин лотереяҳо бурдҳои калон-калон барорад. Баъди баргаштанат бозӣ мешавад. Сонӣ мебинӣ чӣ кор мекунам.
Дар таки девори каъба аз худо дархост кардани бурди лотерея аз ёдам рафтааст. Дар он ҷо камина дар ғами ҷони худам будам, ки мабодо, дар таки пои ҳоҷиёни ба хурӯшомада монда, ба зиёрати боргоҳи осмонии парвардигор ин қадар бармаҳал мушарраф нашавам.
… Чашми рӯз кафид ва мо дар истгоҳе қарор гирифтем.
Чойхонаи истгоҳ ҳанӯз кор намекард, вале чойхоначӣ бедор буд. Чанде аз ҳамсафарон аз айвони чойхона офтобаҳои тунукагиро бардошта, ба сари чойхоначӣ рафтанд, ки барои таҳорат об бигиранд. Ман ҳам наздик рафтам. Чуноне ки дар Хартум, дар атрофи ронандаи таксӣ шуда буд, ҳоҷиён дар гирди чойхоначӣ давра гирифта, баҳс мекарданд. Чойхоначӣ обро бепул додан намехост, инҳо ба ӯ дар бораи савоб ва шарофати накукорӣ ваъз мегуфтанд. Ӯ гӯш мекарду не мегуфт.
Банда хиҷил шуда, як риёл аз киса бароварда додам ва мунозира ба охир расид ва шаш офтоба аз об пур шуд, ки ба ҳама расид ва зиёдатӣ ҳам кард.
Баъзе хароҷоти майда-чуйдаро гуфта нишастан, албатта, он қадар кори зебанда нест. Хусусан, ки дуним фунти судонии ба кирои таксӣ, ҳафт-ҳашт доллари аз сигареткашии ҳамсафарон барзиёд харҷ кардаам, маблағи казоӣ нест. Аммо ҳарчанд кӯшидам, ки ба сарфакории баъзе ҳамсафаронам аҳамият надиҳам, – боз нашуд. Ғайри ихтиёрам ба ёд мерасад, ки пули сафари инҳоро то як тини охиринаш идораҳои динии Осиёи Миёна, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Тотористону Бошқирдистон додаанд. Камина ягона аъзои гурӯҳам, ки ба хароҷоти сафар пули меҳнати худро низ ҳамроҳ кардаам.
Он маблағе ҳам, ки Вазорати тандурустӣ додааст, пули масҷид нест. Ғайр аз ин, охир, ман ягона касам, ки дар ин ҷо бекор нагаштаам, ба инҳо ба қадри ҳол хизмат мекунам, то ки чамадонҳои дучанд афзуну гаронгаштаи худро сиҳатсаломат ба хона бирасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё