Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ману Исрофил ба кӯча фирор кардем, то ки даме гӯшамон осуда бошад. Пас аз ду соат баргаштем, ки мубоҳисаи молиявӣ ҳанӯз ба поён нарасидааст. Боз ночор ба саёҳат рафтем.
Фақат баъди намози хуфтан норозиён ба тақдир тан доданд ва оромӣ аз нав барқарор гардид…
Дар автобус ҷойгир шудем, соҳибони хона ба гусел баромаданд. Танҳо роҳбалади доимии мо саид Абдулкарим ба хайрухуш набаромад. Аз пули барои шустагар додаам аз ӯ ҳанӯз ҳашт риёл бақия нагирифта будам. Бечора се рӯз инҷониб мегуфт, ки коғази даҳриёлиро майда карда наметавонад.
Мизбонон дуо карда, ба сафар фотиҳа доданд. Студобеккер аз кӯчаҳои каҷалаки торики Маккаи мукаррама баромада, ба роҳи манзили охирини пайғамбари охирзамон афтод.
– Хайр, умм-ал-қуроъ, модари шаҳрҳо» – гуфтам дар дилам. – Агар бори дигар дидани ту насибам бошад, дар рӯзи некат бубинам. Мақоли қадимаи араб мегӯянд, ки кулли явмин бадтар, яъне аҳволи бани одам рӯз аз рӯз бадтар мешавад, ки беҳтар не. Таърихи куҳан шоҳид аст, ки ин гап дуруст нест. Пас рӯзҳои неки ту ҳам дар пешанд…
Ҳаво торафт серун мегардид. Либосҳои гармтарамонро дар Хартум монда омадаем. Хунук хӯрдам. Духтури ланг як боби саргузашт буд. Акнун ҳамин намерасид, ки шамол хӯрда, касали рӯибистарӣ шавам.
Исрофил ду порча эҳромашро аз сафархалтаи худ бароварда, якеро ба ман дод, ки чорқат карда ба китфам партоям:
– Ба ҳазор даро, Исрофил. Кошкӣ ҳамаи бародарон ту барин меҳрубон мешуданд!
– Хайр, хуб, бихоб.
– Бигӯ, ки ин порча кадом қисми эҳром аст: он ки юбкаат буд, ё он ки ба китф мепартофтӣ?
– Чӣ фарқ дорад? Шустанамро худат дида будӣ – ку!
– Воқеан, акнун ба ёдам расид. Бубахш маро.
Дар Минои муборак гуфта буданд, ки эҳромро кушода, ба камбағале бахшидан савоб бувад.

пешина
аз 247
навбатӣ