Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сангрезаҳои калонтар ба тиреза ва девораҳои он бархӯрда ҷарагосзанон садо мебароварданд.
Ронанда қарсашро ба сару рӯяш печонида берун баромад ва ҳамсафарони дар болои бом умба шуда хобидаи моро якяк фароварда ба автобусча тиққонид.
– Духтурҷон, ҷои шуморо гирифтем, ҷаддатон дошт-дия, – гуфт мулло Ӯроқака лои кунҷи лаб ва чашмони худро бо рӯймол пок карда истода. – Хайр, хуб шуд, укаи ширин, дар шамоли бом тамоку кашида намешудааст. Канӣ, аз ҳамон зарҳалдораш бароред, дафъи савдо кунем.
Чанде аз шарикон калима мегардониданд ва дар талаби тараҳҳум ва омурзиш ибодат мекарданд.
Муддате ба ҳамин минвол гузашт. Баъд сутунҳои сиёҳи гирдбод чархзанон ба самти ғарбии биёбон, ба сӯи Маккаи мукаррама дур шудан гирифтанд ва мо дар миёни хокборон аз дунболи онҳо ба роҳ даромадем.
ДАР ВАСФИ ПУЛ

10-уми май нисфи шаб бедор карда гуфтанд, ки хезед, сайёра муҳайёст, иншооллоҳ, ба Мадинаи мунаввара меравем.
Автобуси «студобеккер» дар сари кӯча мунтазир буд. Дар нуҳ курсии дукасаи қатори чап 27 нафар судониҳо зич менишастанд. Дар ҳамин қадар курсиҳои камбари яккасаи тарафи рост мо дукасӣ ҷой гирифтем. Дар ду паҳлуи ронанда ду зани кӯдакдори чодирпӯш ба фарш шолча партофта нишастанд.
Ба сафари Мадинаи мунаввара се рӯз инҷониб омода будем.
Алалхусус имрӯз. Ҳамсафарон ҳанӯз гашти пешин ҷомадонҳоеро ки дар хонаи Зайнӣ Кӯшак бояд амонат монда мерафтанд, гаштаю баргашта такурӯ карданд. Қулфҳоро санҷида диданд. Сардорон бо соҳибони хона барои меҳмондории даҳрӯза дар Макка, Мино ва Арафот ҳисобӣ карданд. Барои ҳамон вермишелшӯрбо ва наҳориҳои ҳастак-нестак, барои ҷои хоб ва хаймаҳои Арафот мизбонон он қадар пул гирифтанд, ки агар аз рӯи инсоф гӯем, ба маблағи якрӯзаи гирифтаи онҳо дар меҳмонхона ва ресторанҳои беҳтарини мо камаш як ҳафта зистан мумкин буд. Аммо аз қиёфати тарҷумон ва кассир ҳангоми ҳисобу китоб аён буд, ки ба мизбонони мо ҳазор далелу бурҳон як зарра таъсир надорад.
Аз ҳисобӣ дере нагузашта дар ҳамаи хонача ва ошхонаҳои бинои чаҳорошёна, ки оилаҳои Зайнӣ Кӯшак ва бародараш Абдулло ва Абдукарим зиндагонӣ мекарданд, қиёмате барпо шуд. Аз доду фарёди занону кӯдакон ва дашному ҳақорати мардон шӯрхоки деворҳо мерехт. Аз тарҷумон боиси ин шӯри ногаҳониро пурсидем, мухтасар ҷавоб дод:
– Музди хизмат тақсим мекунанд.
Шариат аз хона берун шудани овози зану духтаронро манъ мекард. Аммо дар ин ҷо ба таъйиноти китобҳои муқаддас бо чунин ҳарорати тасвирнопазир таҳрир медароварданд.

пешина
аз 247
навбатӣ