Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз қаноти яктааш маҳкам доштанду ба тарафи Мадинаи мунаввара кашола карданд. Рост, ки фариштаро касе надидааст, ва маъхазҳои муқаддас мегӯянд, ки ҳузури акушеркаи осмонӣ ҳамеша ба як тарзи бисёр нозук ҳис карда мешуд.
Ҳазрати Ҷабраил агар ҳавсала кунанд, барои адо кардани якта-нимта хизматҳои майда-чуйда ҳам роҳи 500-соларо баъзан дар чанд соат, баъзан дар як зум тай карда омадан мегирифтанд. Масалан, боре лӯнгии кадом як пайғамбарамонро ҳангоми хобашон шамол кушода, ба як сӯ афкандааст.
Ҳазрати Ҷабраил аз осмон махсус фаромада, лӯнгиро баста ва аъзои маҳрами пайғамбарро аз назарҳо пӯшида рафтанд.
Гоҳҳо яке аз занҳои пайғамбари охирзамон ба куҷо мондани сӯзану ангуштпонаро фаромӯш карда, онро муддате бенатиҷа кофтуков мекард. Ҳазрати Ҷабраил дарҳол аз осмон фаромада, мушкилро осон мекарданд.
Аз Исрофил ҷӯраи ман ба кас гоҳо зарар мерасад. Вай дина шабона ба ҳамсафарон саёҳати болои боми сайёраро таъриф кардааст. Имрӯз ҷои моро Махсуми миҷ-миҷдаҳон, мулло Ӯроқака ва қориҳои ҷавон банд кардаанд. Нисфи ҳамсафарон ҳанӯз дар меҳмонхона буданду онҳо боми автобусчаро пешакӣ ишғол карда менишастанд.
Аз роҳи морпечи суфакӯҳи Тоиф ба водӣ фаромада будем, ки ҳаво вайрон шуд. Шамоле бархосту осмон тира гардид.
Дар ҳар ҷои биёбон сутунҳои бузурги гирдбод ба рақси девонавор даромад ва хомаҳои регро қабат-қабат бардошта, буттаҳои явшону янтоқро аз бунашон барканда ба осмон мебурд.
Автобусча аз ҳаракат монд. Роҳро аз бероҳа фарқ кардан мумкин набуд. Пайкари «Форд» аз ҳамлаҳои бод меларзид.

пешина
аз 247
навбатӣ