Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
бачаҳо ва девонаҳоро фармудаанд, ки расули худоро сангсор кунед.Пайғамбар аз сели сангу кулӯх гурехта ба мағзи ҳо ана он кӯҳ пинҳон шудаанд. Худованд ногоҳ аз тамошои бетарафона дилгир шуда, ҳазрати Ҷабраилро ба кумаки ҳабиби худ фиристодааст.
– Ё ҳабиби парвардигор! – гуфтаанд ҳазрати Ҷабраил дар як он аз Арши Аъло ба кӯҳсори Тоиф расида, – маро халлоқи олам фиристод ва фармуд, ки бо маслиҳати ту кор кунам:
агар изн диҳӣ, ҳоло ин кӯҳҳои баландро ба фалак бардошта, ба сари ин қатлабонони қадрношинос биандозам ва димор аз рӯзгорашон дароварам.
– Лозим нест, эй сарвари малоикаҳо ва эй ҳусни беназири Арши Аъло, – ҷавоб додаанд пайғамбар ва ба дарунтари мағораи интихобкардаашон даромада, нағзтар пинҳон шудаанд.
Қориака нақл мекарданду мӯйсафедон роҳравон (мо дар ин асно дар кӯчаҳои Тоифи муборак мегаштем) ашки риққат мерехтанд ва ба даргоҳи худованди карим шукрона мегуфтанд. Банда ҳам ба олиҳимматии он ҳазрат таҳсин мегуфтам, ки боиси бутун мондани ин мавзеъ гардидааст.
Дарвоқеъ ҳам агар ҳазрати Ҷабраил ба нозукии қанотҳои худ нигоҳ накарда, ҳамаи ин кӯҳсори азимро аз бехаш канда ва бардошта, аз баландии якчанд лак фарсах партофта мефиристоданд, Арабистон аз ҳамин ягона гӯшаи серунаш ҳам маҳрум мегардид.
Оре, Ҳазрати Ҷабраил ба камина бисёр маъқуланд. Кас ҷӯра дошта бошад, ана ҳамин ҷӯраи ҳамаи пайғамбарон барин ғамхору вафодор бошад. Ба пайғамбаре мадад лозим шавад, ҳазрати Ҷабраил дарҳол ба хизмат тайёр. Рӯзе ки Муҳаммад мустафо саллалоҳу алайҳи васаллам наберадор шуданд, ҳазрати Ҷабраил аз боло ҳатто момодоя оварданд.
Фикру андеша карда нанишастанд, ки охир фариштаҳо ҳама духтарони чаҳордаҳсолаи бокираанд ва ба пеши Бибӣ Фотимаи навзоида ба сифати момодоя овардани онҳо чандон аз рӯи одоб намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё