Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз бозиҳои хаёлоти одамӣ гардам… Гоҳе аз одами дуппадуруст зоча сохта онро чунон масту масрур мекунанд, ки худро муҷассамаи саодат мепиндорад. Зоте аз шӯхиҳои вай ғофил монда, дар кӯлмакчаи лойқа даступо мезанаду гумон мекунанд, ки дар баҳри муаззами мусаффо ҷастухезе, бо мавҷҳои муқтадир ситезе дорад. Дигаре дар банди ҷаҳл асир мондаасту худро сарвари оқилон медонад. Савумӣ тугмаи тирезаи сайёраеро пахш карда, онро болову поин мекунад ва эътимод дорад, ки чархи гардун ҳамин аст ва бо ишорати ӯ давр мезанад.
Ҳам эъҷозкори тавоно, ҳам бозингари ширинкор ва ҳам рақиби бешафқате будааст хаёли одамӣ…
Масҷиди ҳазрати Аббосро зиёрат карда, ба бозгаштан ба Маккаи мукаррама омода шудем. Ҳама мехостанд, ки то тахт шудани ҳуҷҷатҳо ва иҷозатномаи сафари Мадинаи мунаввара ду-се рӯзи интизориро дар ин шаҳрчаи обу ҳавояш нисбатан сабук гузаронанд. Аммо хабар расид, ки ба Маккаи мукаррама худи ҳамин рӯз баргаштан зарур аст. Дар ин ҷо бегоҳӣ конгресси олами ислом барпо мешудааст ва Қориака, Исрофил ва яке аз мӯйсафедон дар он иштирок мекардаанд.
Чуноне ки дар Ватикан анҷуманҳои умумиҷаҳонии като-
1 ликҳо, дар Лҳаса ҷамъомади буддоиҳо барпо мешавад, дар Маккаи мукаррама низ ин гуна анҷуманҳои олами ислом мешудаанд.
Қориака аз таърихи Тоифи муборак ҳикояте гуфтаанд.
Дар вақташ пайғамбари худо аз таъкиби қурайшиҳо ва соири куффор гурехта, ба ин ҷо паноҳ оварда будаанд. Лекин дере нагузашта, касе ҳазратро шинохтааст. Он гоҳ кофирон
Лҳаса – шаҳри муқаддаси буддоиҳо дар Тибет.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё