Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мубоҳисаҳои ғаразнок ба дилам зада буданд. Нигоҳҳои шубҳаомез, муомилаи сарди гоҳо кинаварона, гоҳо таҳқирангез ба мусофири бегуноҳ бас набуд, ки ҳар сари чанд касе аз масъалаҳои сиёсӣ, ё иқтисодӣ, ё адабӣ мунозира кушода, кӯшиш мекард, ки ягон ҷиҳати зиндагонии моро наҳ занад ва ба он лаккае расонад.
Аз таърих ҳар чиз дар ёд доштам, ба кор андохта, гуфтам, ки шоири ватандӯст ба халқи араб кина ё адовате надошт.
Боиси эътирози ӯро аз зулми халифаҳо ва он харобию мусибатҳое бояд донист, ки лашкаркашони онвақтаи араб ба сари дигар кишварҳо меоварданд.
Шарҳи ман ба Ҷӯрақорӣ таъсире набахшид. Ҳазрати Алӣ, Амир Ҳамза, Саъдӣ Ваққос ва дигар лашкаркашони ислом дар назари ӯ муаззамтарин симоҳои таърих буданд ва фақат кори хайр мекарданд.
Пагоҳӣ шаҳрро давр задем. Шаҳрчаи Тоиф барои сармоядорони кишвар хизмати манзили истироҳатро адо мекардааст. Аз ҳамаи гӯшаҳои мамлакат дороён, ҳатто хонаводаи шоҳ ба ин ҷо омада, моҳҳои гармои тоқатфарсоро мегузаронидаанд. Муносиби ҳамин аҳолии шаҳр ҳам фақат аз бой ва хизматгор иборат буд.
Исохоҷаи тоҷир моро аз кӯчае дошта, ба хонааш ба меҳмонӣ бурд. Меҳмондории ӯ аз як силсила намоиш иборат буд: хизматгорони қатори даст пеши сина ба тавозӯъ хамида, ду автомобили ялаққосии дар таки дарвоза гузошташуда, рангубори алобулои ҳавлии дуошёна, курсиҳои кунгурадор ва зарҳалкории сохти асри XVll, ки аз таҳтӯлаи кадом як герсог ё барони шикастхӯрдаи Европа ба ин ҷо омадааст, зарҳали асбобҳои рӯзгор ва ҳатто кафшҳои соҳиби хона ва ниҳоят, қиёфаи пурғурури худи мизбон – ҳамагӣ ба ҳам омехта, гӯё аз якдигар пештар барҷаста, бо забони ҳол фарёд мекарданд, ки ҳой мусофирон, бидонед ва огоҳ бошед, ки бахту иқбол, давлат ва салват ин хел мешавад!

пешина
аз 247
навбатӣ