Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Як виллиси ҳарбӣ аз рӯ ба рӯ омада, дар баробари сайёраи мо қарор гирифт. Дар паҳлӯи шофёри виллис марде дар либоси низомӣ менишаст. Вай бо як даст пайкари чилими бузургеро нигоҳ дошта, бо дасти дигар ҳар замон мили резинии онро ба даҳон мебурд ва як-ду қуллоб дудро ба ҳаво сар дода, ронандаи сайёраи моро саволборон мекард. Ниҳоят, аз ҷавобҳои муфассали ӯ ки фақат калимаи Зайнӣ Кӯшак ба ман шинос буд, қонеъ шуда, ба роҳи худ рафт.
Аз меҳмонхонаи «Доруссалом» ҷой гирифтем, ки ҷои дурусти хуфтухоб дошт. Маъмури меҳмонхона Ҷӯрақорӣ ном марди 32-солаи забондон будааст: туркӣ, форсӣ, арабӣ ва англисиро хуб медонистааст.
Қабл аз хоб ба долони меҳмонхона барои тамокукашӣ баромадам. Ҷӯрақорӣ маро аз пеши мизи кориаш нишонида, ба забони тозаи тоҷикӣ гуфт:
– Ҳуҷҷатҳоятонро қайд мекардам, тоҷик буданатонро фаҳмида хурсанд шудам. Аз мулоқот басо мамнунам. Камина мухлиси адабиёти форсу тоҷик ҳастам. Алалхусус Фирдавсиро дӯст медорам. Дар ёд доред:

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор,
Ки тахти каёнро кунад орзу,
Туфу бар ту, эй чархи гардун, туфу!

Оре, дар «Шоҳнома» дар мактуби Рустам ба Саъдӣ Ваққос
– ба лашкаркаши бо нияти истило ба Эрон омадаи араб ин мисраъҳо ҳастанд. Лекин ман ҳайрон шудам, ки чаро ин мухлиси Фирдавсӣ аз саду бист ҳазор мисраи «Шоҳнома»
маҳз ҳамин ду байтро мехонад? Охир дар мамлакатҳои араб ягона чизе ки ҳар касе мехост аз осори шоир ихтисор кунад, маҳз ҳамин мисраъҳоянд.

пешина
аз 247
навбатӣ