Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Муллоҷон, – вақти гусел ба ман гуфт ҳалвогар. – Як бонка оби зам-зам ва як қолинчаи ҷойнамоз медиҳам, иншоолоҳ ба акаам мебаред-дия. Ҳамту-не?
– Майлаш, мебарам. Лекин ҷойнамозатон беҷиҳак-а?
– Беҷиҳак, беҷиҳак… Э шумо воқеаи порсолая гуфта истодаед? Ба гузашта салавот, мулло, ҳамту не?
Агарчанде аз масофаи дувоздаҳ ҳазор километр аз касе ба касе об кашонидан аз нуқтаи назари Аэрофлоти мо ғояти савоб нест, ваъда додам, ки савғотии ҳалвогарро ба Қорӣ Шакар мебарам.
Баъди аср дар таки дари Зайнӣ Кӯшак автобусчаи форд пайдо шуд. Азбаски дигарон бо эҳтиёт кардани лашулуш ва қулф кардани ҷомадонҳошон банд буданд, ману Исрофил ба сайёра аз ҳама пеш савор шудем. Аз боми сайёра, аз болои панҷараи боғоҷмонаки он ҷой гирифтем, то ки баъди чанд рӯзи дар гармо пухтанамон аз шамоли роҳ қадаре баҳра бардорем.
Роҳи Тоифи муборак аз идгоҳҳои дирӯза мегузаштааст.
Дар Мино, Муздалифа ва Арафот акнун ҷонзоте набуд. Бод коғазу латтапораҳоро аз замин бардошта, дар осмони фарох сайр мекунонид.
Тоиф дар болои суфакӯҳе, ду ҳазору чаҳорсад фут баландтар аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. То баромадан аз роҳи кӯҳии морпеч ду маротиба паспортҳо ва иҷозатномаҳоро тафтиш карданд. Дар Тоифи муборак яке аз лагерҳои ҳарбӣ мавҷуд будааст ва қисмҳои ҳавоӣ ва қӯшунҳои заминӣ дар таҳти назорати инструкторони ҳамаҷоҳозираи америкоӣ машқ мекардаанд.
Кӯҳсори Тоиф ҷо-ҷо қуллаҳои паст дошту дара надошт.
Чунин менамуд, ки як вақтҳо кӯҳсори ҳақиқӣ будаасту баъд онро то нисфаш регу хок пахш кардааст ва акнун фақат нӯки қуллаҳо аз хок берун баромада истодаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё