Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

САЁҲАТ ДАР БОМИ «ФОРД»

Ҳамсояи Қӯлдошхоҷаи ҳалвогар, марди бадқавоқи тирарӯе бо сайёраи сабукраваш саҳарӣ омада, моро савор карда ба меҳмонӣ бурд. Дар роҳ аз кӯчаи серодаме мегузаштем, ки ронанда ба суст кардани суръати гашт водор шуд ва аз ин ҳолат хеле оташин гардид. Иттифоқо ҳоҷие ба зери дасти ронанда афтод ва ӯ алами Исоро аз Мӯсо гирифт: марди заифе, ки аз андом ва шумурда қадам гузоштанаш дардмандиаш баръало ҳувайдо буд, сигналҳои такрори ӯро нашунид. Ҳангоме ки сайёра, ниҳоят, домани ӯро лесида пештар гузашт ва пайкари хамидаи он мард ба тирезаи ронанда рост омад, ӯ мобайни шонаҳои ҳоҷии мусофирро нишон гирифта, муште фаровард. Мусофир ба замин парӯ шуд.
Банда ба ғайри ихтиёр ба сӯи ронанда даст ёзонида сайёраро нигоҳ доронданӣ будам, ки Қориака аз остинам маҳкам доштанд. «Вазнин шавед, духтур, – мегуфт нигоҳи маломатомези сардорамон – мудохила ба корубори ин мардум аз вазифаҳои мо нест».
Аз тирезаи пас ба роҳ нигаристам, ки марди дардманд ҳамчунон дароз кашида мехобид ва мардуми атроф шитобон ба сари он бечора ҷамъ мешуданд.
Аҷаб, маро ҷи қадар муддат лозим аст, ки ба мусофирии худ одат кунам ва пайваста дар ёд дошта бошам, ки ин ҷо Арабистони Суудист ва дар ин ҷо қоида ва қонунҳои хосси он кишвар ҷорианд?
Ҳалвогар ҳамаи ҳунар ва сарвати худро дар рӯи дастархонаш намоиш дода буд. Аммо аз гулуи ман чизе намегузашт.
Мизбон аз барори касбу кор, аз ҳавлиҳои қатор, дукон ва занҳои худ беист мелаққид.

пешина
аз 247
навбатӣ