Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ку, парто.
– Гӯё, гуфта бошанд, ки ба ихтиёри ҳар марде ки ба ҷаннат дохил шуд, 75 ҳазор паридухтар ва 75 ҳазор париписар дода мешавад.
– «Гӯё гуфта бошанд» нагӯ минбаъд. Ин ваъда дар «Нодирал-мероҷ» аниқу равшан навишта шудааст.
– Боз хубтар, лекин чӣ гуна иҷро шудани ҳамин ваъда ба каллаи ман надаромада истодааст.
– Пас ҷои ту дӯзах аст.
– Сабр кун, азизам. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки барои чӣ дода шудани паридухтарҳо маълум. Хайр, писарбачаҳоро ҳам ба магазин барои папиросу гӯгирд, ё масалан барои овардани рӯзномаи нав мефиристонӣ. Ё мефармоӣ, ки зуд рӯдаи водопроводро кашола карда, ба фалону фалон кӯчаҳо об пошанд.
Хулоса, онҳо низ даркор мешаванд.
– Хӯш?
– Ман фаҳмидан мехоҳам, ки 150 ҳазор духтари соҳибҷамол ва писарҳои хизматгоронрро якбора вобаста карда метавонанд, ё ба қадри пир шуданашон нав карда меистанд?
– Ҳафтафаҳм, дар ҷаннат касе пир намешавад.
– Пас, якбора оварда месупорандат?
– Инашро яқин намедонам.
– Ана ҳамин нуқтаро аниқтар фаҳм. Мувофиқи шунидам, калонтарин донишмандони ин масъалаҳо дар Макка ҷа…
– Маккаи мукаррама!
– …ҳа, дар Маккаи мукаррама ҷамъ шуданд. Ту, азизам, саҳл нагир. Аз кор таъмин кардани 150 ҳазор малоика кори ҳазл нест. Ҳа! Аз таҷриба медонам-дия. Дар хотир дорӣ, боре ба пахтачинӣ рафта будем ва маро якрӯза сардори шумоён таъйин карданд? Ҳамон рӯз шумо, ноаслҳо, шири аз модар хӯрдаамро ба даҳонам оварда будед…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё