Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Илтимос, боз ягон чиз нақл кун.
– Аз дӯзах ҳикоят кунам?
– Сар кун.
– Дар ҷаҳаннам дарае ҳаст, ки 70.000 бино дорад, дар ҳар бино 70.000 ҳуҷра ҳаст, дар ҳар ҳуҷра 70.000 мори сиёҳ мунтазири ману ту ҳалқа зада нишастааст. Дар шиками ҳар як мор 70.000 хум заҳри қотил ҳаст.
– Ҳай-ҳай-ҳай! Бай-бай-бай!
– Ҷаҳаннам боз 40 гӯша дорад, дар ҳар гӯша 40 мор, дар шиками ҳар мор 330 каждум ва дар неши ҳар каждум он қадар заҳри ҳалоҳил ҳаст, ки 330 хум пур мешаваду боз якчанд тағора мемонад. Либоси ҷаҳаннамиҳо аз миси гудохта аст, дар поҳошон кишани оташин. Мағзи сарашон билиқ-билиқ меҷӯшад. Худованди ғамхор Маликшоҳ ном малоикаашро сардори ҷаҳаннам таъйин карда мондааст. Ҳар мусулмони гунаҳгор об гӯяд, Маликшоҳ косаи оташианро аз хуну фасод пур карда медиҳад… Калонии ҳар як зарраи оташ дар ҷаҳаннам вертолёт барин аст ва гунаҳгорро ки ба оғӯши ин оташ андохтанд, устухонаш таркида, мисли орди дубеза нарм мешавад, аммо худованди раҳим онҳоро боз ҷамъ оварда, ҷон мебахшад ва аз сари нав ба коми мору аждаҳою оташу санг меандозад…
– Қоил ман!
– Ба кӣ? Ба парвардигор ё ба ҳазрати Маликшоҳ?
– Ба ҳар сеяшон: ба парвардигор, ба Маликшоҳ ва ба он касе ки хаёл ва тафаккури одамӣ барин як муъҷизаи беназири табиатро ба ихтирои ҳамин гапҳо сарф кардааст.
– Хайр, қонеъ шудӣ?
– Як дараҷа.
– Боз чӣ мехоҳӣ?
– Саволе дорам.

пешина
аз 247
навбатӣ