Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аксари ҳоҷиён ба ҳамин тариқа ҳаҷ мекунанд. Баъзеҳо, ки касбу ҳунари муайяне надоранд, дар мамлакатҳои бегона солҳои сол ҳамолӣ карда, пул меғундоранд, то ки дар роҳи хонаи худо тӯшае ва роҳкирое дошта бошанд. Гаронии музди мусофират дар тайёра, киштӣ ва сайёраҳо яке аз сабабҳои машаққати ҳаҷ аст. Ба маблағе ки сайёраҳои ин ҷо барои 10-12 чақрим меситонданд, дар мамлакати мо аз шаҳре ба шаҳр сафар кардан мумкин.
Пашшаҳои хомӯшак хобиданӣ намемонанд. Ҷонварҳои ғаддор! Хомӯшаки боғот ё саҳрои мо ғингосзанон омада, ақаллан аз наздик шуданаш хабар медод. Аз овозаш ҷои нишасташро тахмин карда, як шаппотӣ фароред, аз хориш халос мешудед. Пашшаи ин ҷо аз худатон сер шуда мераваду фақат баъди он ҷои газидаашро мефаҳмед.
Аламам меояд, ки ду ҳафтаи умрам ба ин тариқа гузашт.
Агар ба ман месупориданд, ки афсонаи ҷаннату ҷаҳаннамро ту бибоф, ба ҷои тарозуи гуноҳбаркашӣ тарозуи рӯзбаркаширо ихтироъ мекардам. Вақти беҳуда гузаронида ва умри ба нафъи коре сарфкардаи одамонро алоҳида-алоҳида бармекашиданд.
Ва андозаи ҷазою мукофот ҳам мувофиқи ҳамин таъйин карда мешуд.
Дар ҷогаҳи нави худ дуқат шуда, акнун хобидан мехостам, ки Искандар ба суҳбат ҳозир шуд.
– Ҳоҷӣ, – гуфт ӯ. – Имрӯзҳо ҳавоят баланд шудааст. Чаро ба суҳбат ҷеғ намезанӣ?
– Ҳар кор вақту соат дорад.
– Ӯҳӯ, тароша барин дағал шуда истодаӣ-ку. Дӯғ назан, ҷӯраҷон. Ба тақдират тан деҳу кори савоб кун.
– Боз чӣ кор?
– Аз бозе ки ту дар бораи гӯру қиёмат, Одаму Ҳавво лексия мехонӣ, мароқи ман ба ин масъалаҳо меафзояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё