Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман ин маслиҳатро бар ҷо оварда будам. Вале сонитар диам, ки худи маслиҳатгарон, ҳатто Исрофил ҳам эҳромҳошонро ба ҷомадонҳо ҷой кардаанд.
Мулло Ӯроқака шаҳр дода гуфт:
– Эҳроми ҳоҷӣ як чизи табаррук аст, укаи ширин. Ба ватан бурда, каф баринашро ба чаҳор кас тақсим карда диҳед, тӯмор дӯхта сараш ба осмон мерасид. Ба худи ҳоҷӣ бошад, ҳам савоб мерасад, ҳам як чиз… уҳм, уҳм… яъне ки назру ниёз мерасад.
Искандар ҷӯраам бесабаб нагуфта будааст, ки агар хоҳӣ, аз ҳаҷ омада миллионер мешавӣ. Мартабаи ҳоҷиро баланд гуфта таъриф кардан – чизе нагуфтан аст. Дар ҳар қадамат соҳибэътиқодон – дошта бошанд, зару зевар, надошта бошанд, – ҷони худро нисор мекунанд. Як мулло соли баъд аз ҷанг аз ҳаҷ як шиша оби зам-зам оварда буд. Вай то ба ҳамин қарибиҳо ба ихлосмандон оби шифо ҳадя мекарду назр мегирифт.
Дар аэропорти Душанбе иззату икроми ҳоҷишавандаро бо чашми худ дида будам. Ман дар интизории соати парвоз дар гӯшае бо илова ва рафиқонам менишастам. Ба гусел кардани ҳамсафарам мулло Тешабой қариб панҷоҳ нафар мардҳо баромада буданд. Як қисми гуселкунандагони ӯро мешинохтам, ки нонвой, сартарош, фурӯшанда шуда кор мекунанд ё дар бозор аз номи колхоз ва колхозчиҳо бо харидуфурӯш машғул буданд. Тағои ман, ки бо аксари онҳо ҷӯра ва ба мулло Тешабой мурид барин як ихлосманд буд, дар байни ин ду гурӯҳ мокувор рафта меомад.
– Савобталабон ба мулло Тешабой даста-даста пул инъом карда истодаанд, – хам шуда ба гӯшам пичиррос зад ӯ.
– Чаро?
– «Чаро» мегӯяд-а! Таомул ҳамин-дия. Ба шахси ба ҳаҷраванда ҳар кас мувофиқи қудраташ инъоме медиҳад, ки ба шарофати вай ба савоб дохил шавад.

пешина
аз 247
навбатӣ