Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Намонанд, ба масҷиди ҷомеи Душанбе бурда мемонам.
Исрофил китф ҷунбонида чизе нагуфт.
Баробари расидан ба Маккаи мукаррама ба тавоф-ал-видоъ, яъне тавофи видоии хонаи худо шитобидем. Қисми асосии ҳаҷ бо ҳамин ба анҷом расид. Ҳама якдигарро бо унвони баланди ҳоҷӣ табрик мекарданд. «Ҳаҷ муборак!», «Номи баланд муборак!» Мӯйсафедон ҳатто ба оғӯши ҳамдигар афтода, якду қатрагӣ ашки шодӣ ва шукрона рехтанд.
Мувофиқи барнома акнун ба шаҳри мубораки Тоиф рафта, масҷид ва мавзеъҳои муқаддаси он ҷоро мебинем, сипас ба Мадинаи мунаввара сафар карда, мақбараи пайғамбари охирзамон ва ҷойҳои муқаддаси онро зиёрат мекунем. Бе ин ҳам ҳоло мо ҳоҷии комил шудаем, вале баъди зиёратҳои фардоина ба замми он ки аз гуноҳҳои собиқ пок шудаем, боз соҳиби савоби изофӣ хоҳем гардид.
Ҳамсафарон дар каъба аз оби зам-зам то ҷон доштанд, нӯшиданд. Яке аз қориҳои пирро, ки аз оби шифо шикамаш дам карда, ёрои ҷунбидан надошт, аз бағал бардошта, ба манзил расонидем.
Раставу бозорро давр зада, дар як ҷой кабоби аҷиберо дидам. Тахмин як пуд гӯшти лаҳмро ба сихи калоне зич карда гузаронида, дар наздикии оташдони дарозрӯя рост монда буданд. Бузургӣ ва шакли гӯшт бӯчкаи чӯбини дупудиро ба хотир мерасонид. Кабобпаз барои ҳар як харидор мувофиқи пулаш аз тарафи оташхӯрдаи гӯш бурида, дар тарозу бармекашиду ба мағзи нон монда медод ва тарафи навбуридаи гӯштро ба оташдон мегардонид.
Сайри худро давом дода, ба канори ғарбии шаҳр баромадам. Ба хаёлам, аз ин пеш нагуфта будам, ки маркази Маккаи мукаррама дар пастхамии ҳавзмонанде воқеъ гардидааст ва каъбатуллоҳ дар миёнаи ҳамин ҳавза буда, аз гирди он кӯчаву тангкӯчаҳои бисёре ба ҳар тараф хазида мебароянд. Камина аз баландӣ ба поён, ба каъба нигоҳ карда, баногоҳ асрори «санги муаллақро» фаҳмидам.

пешина
аз 247
навбатӣ