Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Маълум шуд, ки зарбаи таёқро яке аз ҳоҷиёни кишвари ҳамсоя аслан ба сари Махсуми миҷмиҷдаҳон равона карда будааст, ки бо ӯ дар болои ҷой кашмакаше доштааст. Термоси баланд бардоштаи ман монеъ шудааст, ки зарбаи таёқ ба ҳадафи аслиаш бирасад.
Димоғи Исрофил сӯхт. Ӯ на ба ман ва на ба каси дигар нигоҳ мекард, на гап мезад. Камтар бошад ҳам феъли ӯро омӯхтаам. Аз чизе хашмгин шавад, ба касе наменигарад, ба нуқтаҳои гуногуни осмон ё сақфи хона ғазаболуд нигоҳҳо афканда паст-паст сулфа мекунад. Ҳоло ӯ ба ғайр аз сақфи салон ба чанд курсие ки дар қаторҳои паси автобуси дароз холӣ монда буд, нигоҳҳои хашмомез мепартофт.
Ҳазрати Наримон аз ҷои нишасташ рӯ ба қафо тофта, изҳори ҳамдардӣ намуд.
– Ҷанобони муҳтарам, термоси хушрӯ ҳайф шуд-дия. Не нагӯед, ҳайф шуд.
– Баръакс хуб шуд, ҳазрат. Аз таъмири сари кафида термоси нав харидан камташвиштар аст, ҳазрат.
– Ин гап ҳам маъқул, ҷаноб. Не нагӯед, ҷаноб, маъқул.
Исрофил гуфтугӯи моро шунида, табассум кард, чеҳрааш яла шуд ва термоси пачақро аз сумкаи ман бароварда ба канори роҳ ғурронид.
– Афсӯс серҳавсала нестам.
– Мешудӣ, чӣ мекардӣ? – пурсид Исрофил.
– Термоси пачақро ба Маккаи мукаррама бурда, дар ягон гӯша ба намоиш мемондам. Бигузор чун муҷассамаи «бародарии» ҳоҷиён меистод, ки ба якдигар ин қадар бо ҷӯшу хурӯш зоҳир мекунанд.
– Монданд, ки ту дар Маккаи мукаррама лавҳагузорӣ кунӣ.
Ин ҷо қишлоқи тағоят нест.

пешина
аз 247
навбатӣ