Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Канӣ, як кадуя гиред.
Шиносаш носкадуро бароварда медиҳад. Фардои он рӯз он шахсро дидан замоно боз мегӯяд:
– Э, ассалому алайкум, нағз ҳастед, бардам ҳастед, аҳли байт, хешу табор – ҳама бардам-бақувватанд? Канӣ, як кадуя гиред.
Шиносаш носкадуро медиҳад. Лекин дафъаи савум, ҳангоми мулоқот он шахс ҳанӯз ба салому калом даҳон боз накарда, соҳиби носкаду мегӯяд:
– Ваалайкум ассалом. Нағз ҳастам, бардам ҳастам, аҳли байт, хешу табор – ҳама бардам – бақувватанд. Лекин агар нос хоҳед…
Соҳиби носкаду чизеро илова мекунад, ки ба такрор кардани он эҳтиёҷ нест.
Мулло Ӯроқака сурх шуд, баъд «Ё тавба, ё алҳазар» гӯён гиребони худро дошту сипас хандида фиристод. Шиками бузурги худро ларзонида, бо завқи тамом механдид. Ниҳоят, аз ханда сер шуда гуфт:
– Ё тавба, дар дунё одамҳои ғалатӣ бисёр-дия. Як гап мегӯянд, ки… Ё тавба, ё алҳазар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё