Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Мулло Ӯроқака баъди як дақиқа ба назди мо мерасад ва аввалин чизе ки хоҳад гуфт, ин аст: «Духтурҷон, якта дуд кунем…» Ана мебинӣ! Хоҳӣ, гарав мебандем.
– Бе гарав ҳам маълум.
– Пас чаро гап намезанӣ?
– Мехоҳам бифаҳмам, ки оё рафта-рафта худаш бас мекунад ё не.
– Сода. Ту гап назанӣ, ман мегӯям.
Мулло Ӯроқака ба пояи зина расида буд ва якта-якта қадам монда, тӯши бузурги арақшорашро бо азобе аз поғундаҳои зина боло мекашид. Росташро гӯям, дар ин даҳ рӯзи сафар ба сигаретаи ман шарик шудани ӯ он қадар маъқул набуд. Лекин ба гуфтан рӯям намешуд. Ба ҳар ҳол, мулло аст, синнаш ҳам аз ман калон. Аз ҷомадонам барои чаҳор рӯзи Арафоту Мино аз эҳтиёт ҳашт пачка сигарета гирифта будам, дина бегоҳӣ тамом шуд. Ҳоло аз ночорӣ сигаретаи қиматбаҳои «Кент» мекашам, ки нархи як пачкааш ба разиши ду кило қанд ё биринҷ баробар аст. Аз пуле, ки барои обу мева медоданд, сарфа карда, сигаретаи гаронбаҳои америкоӣ мехаридам.
Мулло Ӯроқака як даста ҷуроби мардона, рӯймол, як қолинчаи девории италиёӣ бардошта меомад. Харидашро ба гӯшае гузошта, аз паҳлуи мо нишаст ва арақи сару рӯяшро пок карда гуфт:
– Духтурҷон, якта нашъа кунем.
Исрофил пиққӣ карда хандид.
– Додарам, ба чӣ механдед?
– Ҳамту, як воқеа ба ёдам расид.
– Мо ҳам шунавем, охир.
Исрофил ҳикоят кард. Носкаше будааст, ки як умр аз носкадуи дигарон нос мекашидааст. Боре як шиноси навашро дида мегӯяд:
– Э, ассалому алайкум, нағз ҳастед, бардам ҳастед, аҳли байт, хешу табор – ҳама бардам-бақувватанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё