Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ниҳоят, ҳар ду ба замин афтоданд ва бо навбат ба синаи якдигар савор шуда, ҳарифи худро лагадкорӣ кардан гирифтанд.
Ҳайкали иблис агар ҷон медошт, бешубҳа дар қиёфаи ӯ аломати хушнудӣ дидан мумкин буд. Оре, шайтон шайтониашро мекард: мусулмонони се қитъа ду рӯз боз ба сари ӯ бо сангу кафш, бо мушту лагад мекӯфтанд, то ки дигар васвасаро бас кунад ва одоб омӯзад ва бандагони муъминро аз роҳи рост каҷ накунад, вале он нобакор аз қабоҳат даст намекашид.
Аз гирдомадагон ба ҷудо кардани он ду нафар касе накӯшид. Пойҳоям як-ду маротиба маро беихтиёр ба сари он ҳангома наздик бурданӣ шуданд, вале худро бо зӯр нигоҳ доштам. Қориака чанд бор таъйин карда буданд, ки дар ин гуна мавридҳо зинҳор ба ҷанҷоли мардум дахл накунем. Таъйиноти сардорамон ба назарам маълум менамуд. Дар ин мамлакат ягон нафар намояндаи дипломатӣ, ё тиҷоратӣ, ё ягон хели дигар вакили давлати мо нест. Рафту ба ҷанҷоле биёмезӣ, касе намедонад, ки оқибат чӣ хоҳад шуд. Он гоҳ ба наҷоти ҳаками бегуноҳ, ки дар байни ду кас фақат сулҳ оварданӣ мешуд, кӣ хоҳад кӯшид? Ҳатто аз тартиби зоҳирии ин ҷо пай бурдан мумкин аст, ки аз тасодуф ба моҷарое биёмезӣ, додат, ҳайҳот, ба ҷое нахоҳад расид.
Якумин бор дар умрам ҷидоли ду нафарро аз дур назора мекардам. Хайрият, сарбозон пайдо шуда омада, марди навчаро ба як сӯ ва ҷавони ҷангҷӯро ба сӯи дигар пеш карданд. Обкашҳо, ҳамолон ва дукондорони гирду пеш сару либоси хоколуд ва пошудаи асилзодаҳои ҷангараро бо тамасхур тамошо карда, байни худ лабхандкунон суҳбат мекарданд.
Дар роҳи манзил як ҷавони тақрибан биступанҷсолаи хеле ботамкин бо ман ҳамгап шуд.
– Шумо аз мамлакати тоҷикон омадед? – пурсид ӯ.
– Бале, аз Тоҷикистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё