Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Оё рост аст, ки сардори гурӯҳатон Қориака ҳастанд?
– Рост.
– Дирӯз як ғуломам мактуб овард. Кадоме аз ҳамшаҳриҳо додааст. Ду рӯз боз ҷои истатонро мековам.
– Мо меҳмони Зайнӣ Кӯшакем.
– Маро ҳамроҳатон мебаред.
«Маро ҳамроҳатон мебаред». Ҳукми қатъӣ ва эроднопазир.
Аз оҳанги илтимос ному нишоне нест. Бо гӯшаи чашм ба андомаш нигаристам. Ҳо, аз қабили Оллоҳназар ва Махсум миҷмиҷдаҳони мо. Меваи нодиратаъми худи ҳамон муҳит, ҳамон одоб. Ғулом доштанашро беибо мегӯяд. Давлатмандони ин ҷо асрҳои миёна ва айёми аз он пеш барин ғулому канизҳо доранд. аммо на ҳар кадомашон инро ошкорро ба гардан мегиранд, чунки давлаташон расман эълон кардааст, ки аз ин пастӣ дар мулки онҳо осоре намондааст. Ҳоло барои ин ҷавонмард аз хӯрдани ғами обрӯи байналхалқии давлаташ дида, таърифи савлату сарвати худаш авлотар аст. Ӯ эътимоди кулл дорад, ки соҳиби ғулом буданашро гуфта, эътибори худро дар назари як мусофир чанд зина баландтар бардоштааст.
Ҳамроҳи нав номи маро пурсид, ман ҳам аслу насаби ӯро пурсидам. Вай Исохоҷа тоҷир будааст. Оилаи ӯ пас аз Револютсияи Октябр ба Кошғар фирор карда будааст.
– Баъди он ки дар Хитой коммунистҳо хӯҷаин шуданд, мо ба ин сӯ омадем, – нақл мекард Исохоҷа.
«Оқилона кор кардед, – гуфтам дар дилам. – Хайрият, ки аз Хитой ба Ветнам ё Куба нагурехтаед, вагарна боз як бор кӯч бардоштанатон лозим меомад».
Исохоҷа дар Маккаи мукаррама, дар Тоифи муборак дуконҳои баззозӣ ва баққолӣ доштааст. Соҳиби ким-чандто автомобил, ғулом ва ҳавлиҳо будааст.
– Дар мамлакати шумо як амакзодаам мондааст, – гуфт Исохоҷа. – Мехоҳам ба ӯ сайёра туҳфа кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё