Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Арвоҳ занад анъанаҳои шахшудамондаро, охир бе ин ҳам ходимони милитсия, адлия ва дигар муассисаҳои ба ин монанди мо ба хотири иззати эътиқоди динии мардум ба ходимони мо ба назари аз ҳад зиёд эҳтиромкорона нигоҳ мекунанд: «дин масъалаи бисёр нозук» гуфта, дуруст фикр намекунанд, ки ходими он то чӣ андоза бо масъалаи нозукаш машғул асту чӣ андоза бо масъалаҳои дигар.
Хайр, муште ки баъди ҷанг ба ёд омад, бояд ба сари худ зад. Ҳамаи ин аз камтаҷрибагист… Ҳм, одамизод, аз афташ, то дами вопасин аз камтаҷрибагӣ нолад ҳам, айб нест. Шоире гуфта будааст, ки:
Аз машомам наравад одати тифлӣ ҳаргиз,
Гар ба тобут равам, ҷунбиши гаҳвора кунам…
Ба тамошои шайтонкӯбӣ рафтам. Издиҳоми атрофи қалъаҳои шайтон ҳеҷ кам намешудааст. Ҳоҷиён 21 – донагӣ сангчаи ба ин рӯз пасандоз кардаашонро се тақсим карда, ба сари сангҳои безабон мезаданд. Онҳое ки таҳқири ба унвони Халилуллоҳ ва писари он ҳазрат кардаи иблисро ба дилҳои мутаассири худ басо наздик гирифта буданд, мисли дирӯза бо фарёду фиғон ва дашномҳои болохонадор қалъаи шайтонро мушту лагадкорӣ карда, интиқоми пайғамбаронро мегирифтанд.
Аз тӯдаи атрофи қалъаи охирин ногоҳ ду марди араб ҷудо шуда баромада, ба ҳам дарафтоданд. Аз сару либосашон маълум буд, ки ҳар ду аз хонаводаҳои давлатманди ҳамин кишвар ҳастанд. Яке лоғари навча, дигаре – миёнқади пуррабадан. Аввалӣ – марди миёнасол, дувумӣ – ҷавони ҳаждаҳнуздаҳсола. Тарафайн то ҷон доштанд, ҳамдигарро мушткорӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё