Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳангоми хӯроки пешинӣ дар сари дастархон аз савобу вубол сухан мерафт, ки гуфтам:
– Ману домулло Исрофил ҳам ду рӯз инҷониб аз савоб баҳравар мешавем. Ба бозори Минои муборак аз «Ювилерторг»-и мо соату дастпонаҳо ба фурӯш омадааст. Мо ба харидорон тиллои асил будани ин чизҳоро таъкид карда, хотирашонро ҷамъ мекунем.
– Хӯш, савоби ин дар куҷояш будааст? – пурсид яке аз қориҳо.
– Магар ба тиҷорати ҳамсафар кумак кардан худаш савоб нест?
Дигар касе ҳарфе нагуфт. Ҳама чашм аз сафҳаи дастархон наканда, луқмаҳои ба даҳон гирифтаашонро хомӯшона мехоиданд. Албатта, на ҳамаи ҳамсафарони ман ба бозори ин ҷо тилло овардаанд, аммо аксарашон, ба назарам, аз сирри шарикони бо як тир ду нишон зада воқиф буданд.
Ба тоҷирони пинҳонкор чӣ ҳам мегӯед? «Изои муъмин ҳаром» гуфтаанд, хусусан ки мо ҳамагӣ пеш аз парвоз дар аэропорти Шереметево ба варақаҳои расмии боҷхонаи советӣ имзо карда, тантанавор қавл дода будем, ки заррае пули тилло, ё қоғазӣ, ё ашёи гаронбаҳоро ҳамроҳи худ аз сарҳад берун намебарем. Бале, савганди тантананок ёд карда будем, ки мо фақат ҳоҷиёнем, на контробандист.
Дами камина ба дарун афтодааст. Ба ин ҳодиса то андозае худам гунаҳгорам. Мани худбин иззати нафсам коҳид гуфта, ба ходими боҷхона чӣ тавр фарёд карда будам? Вай фотоплёнкаҳои коғазпечро санҷида, вазифаи муқаррарии худро адо менамуд, ман бошам, инро ба қадру қимати худ таҳқир дониста, ба сараш дод задам, ки ман духтури советӣ ҳастам. Гӯё чӣ дараҷа советӣ будани одамро дар пешониаш нақш кардан мумкин бошад.
Агар дар аэропорт ба он тариқа маҳмадонӣ намекардам, шояд халтаву ҷомадон ё кисаву кафшу маҳсиҳои васеу боҳаловати баъзе ҳамсафаронро дурусттар медиданд.

пешина
аз 247
навбатӣ