Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қориака гуфтанд:
– Дӯстон, ҳозир иншооллоҳ, боз як муъҷизаи оллоҳи таолоро шоҳид мешавед. Бар сафҳаи осмон нигаред: чӣ қадар мурғони ҳаво дар сайранд. Инҳо ҳама ҷонварҳои табарруки манзили мунаввар мебошанд.
Мо ба осмон нигаристем ва дар ҳақиқат кабӯтар, мусича ва гунҷишкони бисёреро дидем.
– Ҳоло қадам аз остонаи шарафошёнаи ҳарам ба дарун мениҳем, – гуфтанд боз роҳбарамон, – ва шумо, иншооллоҳ, хоҳед дид, ки чӣ гуна ҷонварҳои безабон аз болои хонаи парвардигор худро ба канора кашида мегузаранд. Ҳеҷ ҷонзоде дар болои каъба ҷуръат карда, бол намеафшонад. Ин аз муъҷизаҳои бузурги соҳибамон аст.
Ҳайҳот! Баробари ворид шудан чизи аввалин, ки дар болои каъба дидем, як ҷуфт кабӯтар буд, ки гузашт. Баъд як села гунҷишк, сипас боз як кабӯтари танҳо аз тарафи мо ба он сӯй парида гузашт.
Ман рӯй ба дигар сӯй тофта, худро ба нофаҳмӣ андохтам.
Искандар ҷӯраам мегуфт, ки одами баодоб ҳатман он нест, ки ош ё масалан мурабборо ба дастархон нарезонда хӯрад; балки он аст, ки ба дастархон ош резонидани касеро бинаду ӯро хиҷил накунад.
Вақти намоз, ҳангоме ки муаззин ибораи «оллоҳу акбар»-ро ба оҳанги кашоли суруди мотам такрор мекард, ба ман лаҳзае чунин намуд, ки кайҳо мурдааму дар он дунё дар таки дарвозаи ҷаҳаннам ба навбати худ мунтазир истодаам. Ҳазрати Азроил ва Мункару Накир дар таки дарвозаи дӯзах, дар кабинете ки ҷиҳозаш кабинетҳои истинтоқкунии гестапоро ба ёд меорад, кадом як мусулмони бечораро қин мекунад.
– Ҳой нобакор! – бо як овоз баробар дӯғ мезананд Мункар ва Накир. – Оё фаромӯш кардӣ, ки дар айёми зиндагиат, яъне 1111 сол муқаддам, дар намози асри рӯзи душанбе ҳафтаи саввуми моҳи шаъбон ду ракъат камтар аз фарзу суннат намоз хонда будӣ?
– Не, дарду балои саратонро гирам, садқаи ҳамон дастаи гурзи гаронатон шавам, фаромӯш накардаам, – бо овози хиррӣ мегӯяд мусулмони бечора лабҳои бехунашро базӯр ҷунбонида, дар ҳолате ки чашмони ҳаросонашро илтиҷоомез ба гурзи гарони Мункар ва Накир дӯхтааст.

пешина
аз 247
навбатӣ