Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дарахваи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад.

Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд (моддаи 7 КМ ҶТ).

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои баробар доранд (модаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2018, № 1471). Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ омадаанд, ба фаъолияти муайяни меҳнатӣ ба шарте машғул шуда метавонанд, ки он бо мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон мувофиқ бошад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад, амалӣ карда метавонанд.

Қоидаҳои додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро амалӣ менамоянд ва намунаи ҳуҷҷати иҷозати он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Шахсе, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корфармо муносибатҳои меҳнатӣ бастааст, корманд

пешина
аз 496
навбатӣ