Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

кардаанд (ҳаннотӣ), дар мавриди рӯй додани корношоямии бо сабаби беморӣ ё осеб бардоштан дар натиҷаи мастӣ, нашъамандӣ ё истеъмоли маводи психотропӣ, ба кормандоне, ки корношоҳии онҳо дар натиҷаи бардоштани осеб ҳангоми ҳуқуқвайронкунӣ рӯй дода бошад, барои давраи табобати маҷбурӣ бо қарори суд (ба истиснои беморони рӯҳӣ), дар мавриди дар ҳабси пешакӣ будан ё дар давраи гузаронидани ташхиси судии тиббӣ ва судию психиатрӣ. Маблағҳои кӯмакпулии дар чунин ҳолатҳо пардохтшуда бо тартиби судӣ ситонида мешаванд.

Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, бо тартиби умумӣ пардохт карда мешавад, агар ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани онҳо дар давраи кор пайдо шуда бошад. Кӯмакпулӣ дар ташкилот то ба кор дохил шудан ё баъди аз кор озод шудани корманд дода намешаванд, зеро он ҳуқуқ ба он аз ҳолати суғуртавие вобастагӣ дорад, ки дар давраи фаъолияти меҳнатӣ бавуҷуд омадааст. Кӯмакпулӣ дар ҳолате муқаррар ва пардохт карда мешаванд, ки агар аз вақти барқарор гардидани коршоямӣ, муқаррар намудани маъюбӣ на зиёда аз шаш моҳ гузашта бошад. Пардохти кӯмакпулӣ барои давраи гузашта (пурра ё қисман) бо ташаббуси мақомоти ваколатдор (масалан дар натиҷаи санҷиши дурустии муқаррар ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо) бо риояи ҳамин муҳлат амалӣ карда мешавад. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ аз ҷониби корфармо, аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.

пешина
аз 496
навбатӣ