Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ба ҳисоби саҳмҳои пардохтшавандаи суғурта пардохта мешавад.
Шартҳо ва асосҳои иловагии таъйину пардохти кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, № 630 «Дар бораи тасдиқи тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ» муайян шудаанд. Мутобиқи санади мазкур, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба кормандон дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
-
дар давраи беморие (ё осеб бардоштан), ки боиси гум
кардани қобилияти корӣ мегардад; -
дар давраи бемории аъзои оила, дар сурати зарурати
нигоҳубини ӯ; -
дар давраи карантин;
-
дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо
сабаби бемории сил ва ё бемории касбӣ; -
ҳангоми протезкунонӣ бо ҷойгир намудан дар статсионари муассисаи протезкунонию ортопедӣ.
Бо санади мазкур, инчунин ҳолатҳо муайян шудаанд,
ки новобаста аз ҷой доштани корношоямии муваққатӣ
кӯмакпулӣ дода намешавад. Ба чунин ҳолатҳо гузаронидани муоинаи тиббии даврии кормандон, ки қонунгузорӣ
пешбинӣ намудааст, инчунин ҳангоми даъват ба хизмати
ҳарбӣ, аз ҷумла бо ҷойгир намудан дар стационари муассисаи табобатӣ, ба кормандоне, ки дидаю дониста
ҷиҳати саркашӣ аз кор ва ё дигар уҳдадориҳо ба саломатии худ зарар расонидаанд ва ё худро бемор вонамуд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор