Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Ҳар сол муқаррар намудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор, бояд ҳамчун қоида бо дарназардошти ба сатҳи беқурбшавӣ, ки барои соли дахлдор пешбинӣ карда мешавад, сурат гирад. Тавре ки аз моҳияти меъёри қонуни мазкур бармеояд, нишондиҳанда барои ҳисобҳо асосан барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ истифода карда мешавад.
Аммо, нисбати қисме аз кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ низ он истифода мешавад, бахусус ҳангоми муайянсозии андозаи ҳадди ақали кӯмакпулиҳо. Аз ҷумла, кӯмакпулии яквақтаина ҳангоми таваллуди тифл ва нигоҳубини тифл то 1,5 солагӣ, бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешаванд.
Барои таъйини кӯмакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ, варақаи корношоямӣ (варақаи беморӣ), ки тибқи тартиби муқарраршуда дода шудааст, асос буда метавонад.
Дар сурати гум кардани варақаи корношоямӣ кӯмакпулӣ тибқи нусхаи он (дубликат) пардохта мешавад.
Шахсони суғурташуда аз ҷумлаи соҳибкорони инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Кӯмакпулӣ ба шахсони
мазкур ҳангоми пешниҳоди эъломияи суғуртаи иҷтимоӣ
ба тариқи баҳисобгирии маблағи кӯмакпулии ба онҳо тааллуқдошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор