Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Меъёрҳо ва шартҳои таъмини онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октбри соли 2014, №661 «Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд» тасдиқ карда шудаанд.
Тибқи моддаи 340 КМ ҶТ корфармо ӯҳдадор аст, ки дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ, ҷои либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус, утоқи гигиенаи шахсӣ барои занон, нуқтаҳои расонидани ёрии аввалияи тиббиро ташкил намояд.
Стандартҳои муҷаҳҳазгардонии иншооти санитарӣ барои хӯрокхӯрӣ, ёрии тиббӣ, утоқҳои истироҳат дар вақти корӣ дар Меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳои (МСва02.09.04-87) "Биноҳои маъмурӣ ва маишӣ" муқаррар карда шудаанд.
КМ ҶТ (моддаи 336) муқаррар мекунад, ки ҳамаи кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбарони масъули ҳифзи меҳнат бояд тибқи тартиби муқарраршуда аз омӯзиши усулҳои бехатарии кор гузаранд ва дониши онҳо оид ба талаботи ҳифзи меҳнат санҷида шавад.
Корфармо ё шахси ваколатдори ӯ вазифадор аст ҳамаи кормандоне, ки ба кор қабул шудаанд ва кормандоне, ки ба кори дигар гузаронида шудаанд, оид ба усулҳои бехатари иҷрои кор ва расонидани ёрии аввалия ба ҷабрдидагон омӯзиш гузаронад.
Корфармо набояд ба кормандоне, ки ба онҳо дастурдиҳӣ ва омӯзиш оид ба ҳифзи меҳнат дода нашудааст, иҷозати кор диҳад, инчунин вазифадор аст кормандонеро, ки аз омӯзиш ва санҷиши дониш ва малакаҳо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор