Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳиссаи аъзои коллективи дар маҷлис ҳузурдошта (намояндагони кормандон) ӯ аз се ду ҳиссаи вакилони конференсияи намояндагони коллективи меҳнатӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад.

Ба корпартоӣ як шахс ӯ гурӯҳи шахсоне, ки аз тарафи коллективи меҳнатӣ ӯ намояндагони кормандон ваколатдор шудаанд, роҳбарӣ мекунанд.

Корфармо аз оғози корпартоӣ ва муҳлати имконпазири давомоти он камаш як моҳ пеш бояд хаттӣ огоҳ карда шавад.

Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобилияти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд орад, ҳуқуқ ба чунин корпартоӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

Қонунӣ ӯ ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муайян мекунад.

Қарори ғайриқонунӣ эълон кардани корпартоиро судҳо бо дархости корфармо ӯ прокурор қабул мекунанд.

Қарори эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудаи суд дар бораи ғайриқонунӣ эълон кардани корпартоӣ, бояд фавран иҷро карда шавад. Кормандон вазифадоранд ба чунин корпартоӣ хотима диҳанд ва на дертар аз рӯзи дигар пас аз ба мақомоти роҳбарикунанда расонидани нусхаи қарори зикршудаи суд, ба кор шурӯъ кунанд.

Бояд дар назар дошт, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, суд ҳуқуқ дорад корпартоии

пешина
аз 496
навбатӣ