Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
оғознашударо мавқуф гузорад ва корпартоии оғозшударо барои ҳамин давра боздорад.
Дар ҳолатҳое, ки таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ё минтақаҳои алоҳидаи он аҳамияти махсус дорад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, корпартоиро то ҳалли масъала аз ҷониби суди дахлдор, боздорад.
Илова бар ин, моддаи 326 КМ ҶТ масъулияти кормандонро барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ пешбинӣ мекунад. Тибқи он, ташкили корпартой, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст ё худ иштирок дар он, ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат эътироф гардида, боиси татбиқи чораҳои ҷазои интизомии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.
Зарари ба соҳибмулк аз корпартоии ғайриқонунӣ расонида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз ҳисоби ташкилот бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад.
Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон баргузор шуда бошад, зарар аз ҳисоби иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҷуброн карда мешавад.
САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Мафҳуми баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва сабабҳои рӯҳ додани онҳоро тавсиф намоед.
-
Намудҳои асосии баҳсҳои меҳнатӣ ва мақомоти баррасикунандаи онҳоро номбар намуда, тавсиф намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор