Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
шудаанд, ба монанди Хартияи иҷтимоии аврупоӣ, ки Шӯрои Аврупо қабул кардааст (3 майи соли 1996 бозбинӣ шудааст) ва санадҳои байналмилалии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Тоҷикистон нақши худро доранд.
Зинаи навбатии иерархияи сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд, ишғол менамоянд. Онҳо "қонунгузории меҳнат" ном гирифтаанд.
Инчунин сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат санадҳои зерқонунӣ мебошанд, ки дар байни онҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд, баъдан қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд. Ғайр аз ин дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо ва дигар мақомоти давлатӣ ҷойгиранд. Дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ қарорҳо ва фармоишҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вижагиҳои муайян доранд.
Аз ҷумла, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат чунин салоҳияти ҳуқуқэҷодкунӣ дорад:
- тарификатсияи корҳо, касбҳо ва вазифаҳоро анҷом медиҳад, заминаи меъёрии ҳуқуқии меъёрбандӣ ва пардохти музди меҳнатро таҳия менамояд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё