Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
мекунад. Аз ҳама бештар онҳо дар моддаҳои 35, 37, 39 ва дигар моддаҳои Конститутсия ифода ёфтаанд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.
Ҳамин тариқ, афзалияти шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла конвенсияҳои тасдиқшудаи ТБМ нисбати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи ТБМ мебошад. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 Конвенсияҳо ва 22 Тавсияҳои ТБМ тасдиқ шудааст, ки меъёрҳои онҳо ба низоми ҳуқуқ ва қонунгузории меҳнатии Тоҷикистон аллакай ворид шудаанд.
Дар шароити кунунии рушди ҳуқуқи меҳнатии Тоҷикистон ба принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат, шартномаҳои байналмилалӣ, аз қабили Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966), конвенсияҳо, инчунин тавсияҳои ТБМ аҳамияти калон дода мешавад. Санадҳои байналмилалие, ки аз ҷониби созмонҳои минтақавии байналмилалӣ қабул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё