Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хонданназорату санҷишҳо оид ба пурра ва саривақт пардохт
намудани музди меҳнат ва риояи кафолатҳои давлатии
музди меҳнат;
-
мӯҳлатҳо ва пайдарпаии пардохти музди меҳнат;
-
масъулияти корфармоён барои вайрон кардани талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат, шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо доир ба музди меҳнат.
- Ҳадди ақали музди меҳнат яке аз кафолатҳои аввалиндараҷа дар ин низом мебошад. Он дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати ҳама кормандон амал мекунад. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 35) ҳадди ақали музди меҳнат барои ҳар як корманд ва бидуни ҳеҷ гуна табъиз кафолат дода мешавад. Асоси таъсиси он андозаи ҳадди ақали зиндагист, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 № 521 "Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи моддаи 3 ин қонун тадриҷан боло бурдани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ба арзиши ҳадди ақали зиндагӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июни соли 2016, № 697 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2016 андозаи ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо