Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
танҳо усулҳо ва элементҳои алоҳидаи амалиёт мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Хронометражкунии даврӣ бошад, мураккабтар буда, мавриди истифодаи он гурӯҳи усулҳо, ҳаракатҳо ва амалҳое қарор мегиранд, ки давомнокиашон ниҳоят кӯтоҳ буда ва дар алоҳидагӣ чен кардани онҳо номумкин мебошад.
Усули мушоҳидаҳои лаҳзавӣ дар тадқиқу омӯзиши хароҷоти вақти корӣ, дараҷаи сарбории кормандон ва истифодабарии таҷҳизот дар вақт, дар асоси мушоҳидаҳои интихобӣ, ки дар лаҳзаҳои тасодуфан интихобшуда гузаронида мешаванд, ифода меёбад.
Усули мушоҳидаҳои лаҳзавӣ имкон медиҳад, ки бузургии хароҷоти вақти корӣ, бе ифодаи ченкунии умумӣ, бо роҳи қайд кардани шумораи ҳодисаҳои такроршавандаи онҳо, муайян карда шавад. Маълумотҳои зарурӣ ҳангоми истифодаи ин усул, оиди ҳайат ва бузургии хароҷоти вақти корӣ, тавассути гузаронидани як қатор мушоҳидаҳои ногаҳонии кӯтоҳ ва номунтазам ба даст оварда мешавад. Барои он, ки натиҷаҳои мушоҳида ҳангоми истифодаи ин усул аниқ ва эътимодбахш бошанд, риояи шартҳои зерин тавсия карда мешавад:
-
ҳар як мушоҳида бояд ба дараҷае кӯтоҳ бошад, ки тавонад танҳо як объекти омӯзиширо дар бар гирад;
-
давраҳои гузаронидани мушоҳидаҳо ба таври кофӣ бояд давомнок бошанд, ки тавонанд ҳамаи унсурҳои корро дар бар гиранд;
-
миқдори гузаронидани мушоҳидаҳо бояд ба таври кофӣ бошанд то ин, ки тавонанд зуҳуротҳои омӯхташавандаро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо