Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
дуруст ифода намоянд ва дақиқии мушоҳидаро таъмин намоянд.
Барои чен кардани вақти корӣ, воситаҳои техникӣ ва ҳуҷҷатӣ истифода бурда мешаванд. Акрабаки сониянишондиҳанда, сониясанҷ, видеодастгоҳ, осциллограф, планшет, бланкаҳои харитаҳо барои мушоҳида, намунаи ҳуҷҷатҳо барои умумигардонии натиҷаҳои омӯзишу таҳлил ва ғайра аз ҷумлаи воситаҳои ченкунии вақти корӣ мебошанд.
Ҳангоми омӯзиш ва чен кардани хароҷотҳои меҳнатӣ, зарур аст, ки комплекси будани тадқиқотҳо таъмин бошад, яъне бояд на танҳо хароҷотҳои меҳнатии кормандони оддӣ, балки хароҷотҳои меҳнатии ҳамаи категорияҳои кормандон ва дар навбати аввал хароҷотҳои меҳнатии роҳбарон ва мутахассисон чен карда шавад. Интихоби чунин равия ба ташаккулёбии муносибатҳои муътадили иҷтимоӣ – меҳнатӣ, фазои мусоиди маънавӣ – психологӣ дар ташкилот мусоидат намуда, самараи дилхоҳи кори иҷрошударо таъмин менамояд.
Барои корманд фароҳам овардани шароити муътадил ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнат, яке аз уҳдадориҳои асосии корфармо ба шумор меравад. Тибқи моддаи 138 КМ ҶТ ба шароити муътадили меҳнат инҳо дохил мешаванд:
-таъмини фармоиш ва ҳаҷми корҳо;
-ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;
-таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техникӣ;
- сифати дахлдори мавод ва ашёҳо, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо