Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

мебошад. Он бо мақсади муайян кардани самаранокии истифодабарии таҷҳизот ва хароҷоти вақти кори онҳое, ки ба хизматрасонии таҷҳизоти тадқиқшаванда машғуланд, амалӣ карда мешавад.

Хронометраж — ин усули омӯзиши хароҷотҳои вақти кори бо роҳи мушоҳида ва ченкунии унсурҳои алоҳидаву такроршавандаи амалиётҳои истеҳсолӣ мебошад. Фарқи асосии хронометраж аз бааксгирии вақти корӣ дар он аст, ки объекти омӯзиш ҳангоми гузаронидани хронометраж на рӯзи корӣ, балки амалиётҳои алоҳидаи истеҳсолӣ ё ин ки ягон унсури онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми гузаронидани хронометраж низ мушоҳидачи варақаи махсусро бо худ мегирад, ки дар он хароҷоти вақтро барои иҷрои унсурҳои алоҳидаи амалиётҳо қайд мекунад. Аммо ба ҷойи соат дар ин ҳолат танҳо сониясанҷро истифода мебарад, зеро давомнокии амалиётҳо метавонад хеле кӯтоҳ бошад.

Мақсад аз гузаронидани хронометраж аз инҳо иборат аст:

  • муқаррар кардани меъёри вақт барои иҷрои амалиёт;
  • тафтиш ва аниқкунии меъёрҳои истифодашаванда;
  • омӯзиши усулҳои кори кормандони пешқадам;
  • дарёфти маълумотҳои ибтидоӣ барои кор карда баромадани меъёри вақт барои иҷрои элементҳои алоҳидаи корҳои дастӣ ва мошинӣ-дастӣ.

Се тарзи гузаронидани хронометраж маълум аст:
умумӣ, интихобӣ, даврӣ. Ҳангоми хронометражкунии умумӣ, ҳамаи элементҳои амалиёт паи ҳам омӯхта мешаванд. Ҳангоми хронометражкунии интихобӣ бошад,

пешина
аз 496
навбатӣ