Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бештар бааксгирии фардӣ истифода бурда мешавад, ки объекти мушоҳидаи он як корманд дар ҷойи муайяни корӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки сарфи вақт пурра ва ҳаматарафа омӯхта шавад.

Ҳангоми бааксгирии гурӯҳӣ, дар як вақт якчанд корманд зери мушоҳида қарор мегирад, ки ҳар яке аз онҳо дар ҷойи кории муайян кори муайянеро иҷро мекунад. Баъд аз фосилаҳои муайян (1-2 дак.), мушоҳидачӣ хулосаҳои мушоҳидаи худро оид ба ҳар як ҷойи корӣ дар варақаи махсус ба қайд мегирад. Яке аз намудҳои бааксгирии гурӯҳӣ, бааксгирии бригадавӣ мебошад, ки бо мақсади муайян кардани мувофиқати фаъолияти аъзоёни бригада ва муқаррар кардани дараҷаи сарбории ҳар яке онҳо амалӣ карда мешавад.

Барои омӯзиши сарфи вақти кормандоне, ки аз якдигар ҷудо - ҷудо, дар минтақаҳои гуногуни корхона, қитъа ё сех ҷойгир шудаанд, бааксгирии маршрутии вақти корӣ истифода бурда мешавад, ки дар давоми он мушоҳидакунанда аз рӯи маршрути муайян ҷойҳои кори тадқиқшавандаро гардиш мекунад ва баъд аз фосилаҳои муайяни вақт (3-4 дак.), хулосаҳои мушоҳидашудаашро ба қайд мегирад.

Худаксгирии рӯзи корӣ дар он ифода меёбад, ки корманд худ талафоти вақти кориашро қайд мекунад. Ин усули бештар самараноки мубориза бар зидди талафотҳои вақти корӣ мебошад, зеро доираи васеи кормандонро ба ошкор кардани сабабҳои талафёбии вақти корӣ ва бартараф кардани он ҷалб менамояд.

Бааксгирии вақти истифодабарии таҷҳизот - ин мушоҳидаи кори таҷҳизот ва қайд кардани талафотҳои он

пешина
аз 496
навбатӣ