Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо мақомоти интихобшудаи иттифоқҳои касабаи ин ташкилот тасдиқшуда, дода мешавад. Тибқи моддаи 107 КМ ҶТ ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад. Азбаски ҳуқуқ ба рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола ба собиқаи муайяни кор алоқаманд аст, қоидаҳои ҳисобкунии онро моддаи 102 КМ ҶТ муайян намудааст. Собиқаи корие, ки ба рухсатии ҳарсолаи асосии пардохтшаванда ҳуқуқ медиҳад, инҳоро дар бар мегирад:
Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил мешаванд:
-вақти кори воқеӣ дар давоми соли корӣ;
-вақте, ки корманд воқеан кор накардааст, вале ҷойи кораш (мансабаш) барои ӯ нигоҳ дошта шудааст;
-вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гаржидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;
-дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.
Илова ба давраҳои зикршуда, ба собиқаи корӣ барои рухсатӣ инҳо дохил мешаванд: вақти таҳсил дар мактабҳо ва дар курсҳои омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо (агар кормандро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо