Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд, ба омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кӯдаки синни то чордаҳ ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳ доранд, ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантуранҳо (шуъбаҳои шабона ва ғоибона) таълим мегиранд. Инчунин, дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.

Дар сурати корношоямии муваққатии корманд, рухсатии ҳарсолаи муздноки ӯ бо назардошти хоҳиши корманд бояд ба мӯҳлати дигар дароз карда шавад ё ба таъхир гузошта шавад.

Рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба кормандон барои ҳар як соли корӣ дода мешавад. Соли аввали кории корманд аз санаи ба ин ташкилот дохил шуданаш ҳисоб карда мешавад, ва солҳои баъдӣ - аз санаи
пас аз рӯзи ба охир расидани соли кории қаблӣ. Рухсатиҳои ҳарсолаи пардохтшаванда барои солҳои кории
дуюм ва минбаъда дар ҳар вақти соли корӣ мувофиқи
пайдарҳамии додани ин рухсатӣ тибқи ҷадвали рухсатиҳои

пешина
аз 496
навбатӣ