Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истироҳат хоҳиши кормандонро ба инобат гиранд. Масъалаҳои истифодаи вақти истироҳат метавонанд дар шартномаи меҳнатии инфиродӣ низ танзим шаванд. Шарти ягона ин аст, ки санадҳои дар боло зикршуда ва шартномаи меҳнатӣ андозаи муқарраркардаи меъёрҳои қонунгузории меҳнат, шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳоро кам насозанд.

11.2. Намудҳои вақти истироҳат

ҚМ ҶТ (моддаи 82) намудҳои зерини вақти истироҳатро пешбинӣ намудааст:

  • танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ (дамгирӣ, хӯрокхӯрӣ, дохилибастӣ ва махсус);
  • танаффусҳо байни рӯзҳои (басти) корӣ;
  • рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина);
  • рӯзҳои иди ғайрикорӣ;
  • рухсатиҳо.

Танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ (баст) ба кормандон барои истироҳат ва хӯрок дода мешаванд (моддаи 83 ҚМ ҶТ). Муддати танаффусҳо набояд аз ду соат зиёд бошад ва набояд аз 30 дақиқа кам бошад. Вақти додани танаффус ва мӯҳлати мушаххаси он тибқи қоидаҳои дохилии меҳнат ё бо созиши корманд ва корфармо муайян карда мешавад.

Дар корҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) танаффус муқаррар кардан мумкин нест, ба кормандон имконият дода мешавад, ки дар вақти корӣ истироҳат кунанд ва хӯрок хӯранд. Рӯйхати чунин корҳо, инчунин

пешина
аз 496
навбатӣ