Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Давомнокии вақти истироҳатро ҳам мустақиман тавассути муқаррар намудани намудҳои муайяни вақти истироҳат ва давомнокии онҳо ва ҳам ғайримустақим бо роҳи муқаррар кардани давомнокии вақти кор ва тақсимоти он дар давраи муайяни тақвимӣ танзим кардан мумкин аст.

Барои категорияҳои муайяни кормандон бо назардошти хусусияти хоси кори онҳо, тарзи истифодаи вақти истироҳат пешбинӣ шудааст. Ин хусусиятҳо, аз ҷумла, мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1996, № 277 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи шартҳо дар тартиби ба кормандони педагогии гирифтори бемориҳои кӯҳна додани рухсатии дарозмудати пулакӣ то як сол» барои омӯзгорон, тибқи қарори шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рухсатии меҳнатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вақти кории онҳо бо интихобкунандагон дар давраи байни иҷлосияҳо» аз 28 июни соли 2005, №124 барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ғайра танзим шудаанд.

Шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии локалӣ (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали баст, ҷадвали рухсатиҳо ва ғ.) барои истифодаи вақти истироҳат аҳамияти калон доранд. Онҳо метавонанд имтиёзҳоро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ кунанд (масалан, зиёд кардани давомнокии рухсатии меҳнатӣ), корфармоёнро вазифадор кунанд, ки ҳангоми пешниҳоди намудҳои гуногуни вақти

пешина
аз 496
навбатӣ