Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷавобгарии интизомӣ ва ҷавобгарии моддӣ дар ҳуқуқи меҳнат намудҳои мустақили ҷавобгариҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба кирдори интизомӣ аломатҳои зерин хосанд:

  1. Он аз ҷониби корманде содир карда мешавад, ки бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта, дорои ҳуқуқи субъективии меҳнатӣ буда, ба синни муқаррарнамудаи қонун расидааст (моддаи 21 КМ ҶТ).

  2. Он дар гунаҳкорона аз ҷониби корманд иҷро накардани ӯҳдадориҳои корманд ё дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнатии тибқи қонунгузории меҳнат, шартномаи коллективӣ, қоидаҳои дохилии меҳнат, қоидаҳои техникӣ, дастурамали вазифавӣ, оинномаҳо ва низомнома оид ба интизоми меҳнат муқарраршуда, ифода меёбад.

Агар дар иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ корманд гунаҳкор набошад, он наметавонад ҳамчун кирдори интизомӣ эътироф шавад. Масалан: иҷро накардани ӯҳдадориҳо бо сабаби бад шудани вазъи саломатии корманд, ки ба иҷрои кор халал мерасонад; бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ рад кардани иҷрои коре, ки дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ нашудааст ё бевосита ба ҳаёт ва саломатии корманд таҳдид мекунад; аз ҷониби корманд рад кардани бозхонди ӯ аз рухсатии меҳнатӣ пеш аз мӯҳлат; аз ҷониби корфармо фароҳам наовардани шароити зарурии корӣ; таъмин накардан бо таҷҳизоти коршоям, мавод ва ғайра.

  1. Ба иҷрои вазифаҳои меҳнатии корманд алоқаманд
    набудани рафтори ғайриҳуқуқии ӯ. Агар он ба иҷрои
пешина
аз 496
навбатӣ