Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд алоқаманд набошад, пас он набояд ҳамчун кирдори интизомӣ (вайрон кардани қоидаҳои рафтор дар хобгоҳ, иҷро накардани супоришҳои ҷамъиятӣ ва ғайра) баррасӣ шавад.
- Вобаста будани татбиқи муҷозоти интизомӣ ба ҷой доштани алоқаи сабабӣ дар байни амали (беамалии) зиддиҳуқуқии корманд ва зарари бавуҷудомада.
Оқибати кирдори интизомии содирнамуда ин ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани корманд, яъне аз ҷониби корфармо нисбат ба вайронкунандаи интизоми меҳнат татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ мебошад. Татбиқи салоҳияти корфармо (роҳбари ваколатдори ӯ, шахсони дигар) бо таъини ҷазои интизомӣ ба корманде, ки кирдори интизомиро содир кардааст, мазмуни ҷавобгарии интизомиро ташкил медиҳад.
Ҷавобгарии интизомӣ ба умумӣ ва махсус ҷудо мешавад. Ҷавобгарии интизомии умумӣ бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад ва ба ҳамаи кормандон татбиқ мегардад, ба истиснои кормандоне, ки барои онҳо тибқи низомнома ва оинномаҳо оид ба интизоми меҳнат, ҷазои махсуси интизомӣ пешбинӣ шудааст.
Ҷавобгарии умумии интизомӣ, инчунин мутобиқи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат фаро мерасад. Ҷавобгарии умумии интизомӣ ва тартиби татбиқи он дар КМ ҶТ муайян шудааст (моддаҳои 62-63).
Ҷазоҳои интизомии умумие, ки нисбати корманд барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии интизомӣ татбиқ мешаванд, аз инҳо иборатанд: сарзаниш; танбеҳ; танбеҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё