Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
доимӣ пардохт карда мешаванд, сабтҳо гузаронида намешаванд.
9.3. Мафҳуми ҷазои интизомӣ ва намудҳои он
Барои вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне барои содир кардани кирдори интизомӣ, корманд ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад. Ба ибораи дигар, кирдори интизомӣ барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан асос шуда, гунаҳкорона вайрон намудани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ аз ҷониби корманд, ҳисобида мешавад. Ӯҳдадорӣ оид ба риояи интизоми меҳнат, дар баробари дигар ӯҳдадориҳо дар моддаи 18 КМ ҶТ дарҷ гардида, яке аз ӯҳдадориҳои асосии корманд ва ҳамзамон ҳамчун ӯҳдадории заминавӣ маҳсуб меёбад. Зеро, дар он муносибати корманд дар иҷрои дурусти ҳамаи дигар ӯҳдадориҳо, риояи қоидаҳои дохилии меҳнат, иҷрои меъёрҳои меҳнатии муқарраршуда, риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат ва ғайра ифода меёбад.
Зери мафҳуми кирдори интизомӣ вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне аз тарафи корманд риоя накардани талаботи Кодекси меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, фаҳмида мешавад.
Ҳамин тариқ, корфармо нисбати вайронкунандагони интизоми меҳнат чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқиро дар намуди ҷавобгарии интизомӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун (дар ҳолати расонидани зиён ба корфармо)— ҷавобгарии моддӣ ва ё ҳамзамон ҳарду намуди ҷавобгарии ҳуқуқиро татбиқ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё