Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
супоридани онҳо", муайян шудааст.
Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли олии ҳавасмандгардонии шаҳрвандон барои хизматҳои барҷаста дар соҳаҳои иқтисод, илм, фарҳанг, санъат, мудофиаи Ватан, сохтори давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳаёт ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон, фаъолияти хайриявӣ ва дигар хизматҳо ба давлат мебошанд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи сарфароз гардонидани шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст (банди 28, моддаи 69).
Ҳавасмандгардонӣ бо санади (фармоиш, дастур) корфармо эълон карда мешавад ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурди дафтарчайи меҳнатии кормандон" аз 12 апрели соли 1999, №154 дар дафтарчайи меҳнатӣ ворид карда мешавад. Қарори мазкур корфармоёнро вазифадор мекунад, ки дар дафтарҳои кории худ маълумотро дар бораи мукофотҳои давлатӣ, инчунин дигар ҳавасмандкуние, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ва созишномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизоми меҳнат пешбинӣ намудаанд, ворид намоянд.
Дар дафтарчаҳои меҳнатӣ оид ба мукофотпулиҳо, ки
ба низоми музди меҳнат дохил карда шудаанд ё ба таври

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё