Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
дахлдор бастааст, барои баррасӣ бидуни тақйиди онҳо (легализатсия) қабул карда мешаванд.
Ҳисоби собиқаи умумии корӣ, махсус ва собиқаи кории бетанаффӯс аз хусусияти давомнокии фаъолияти меҳнатӣ, шароити кор ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад.
Тартиби ҳисоби собиқаи умумии корӣ. Ба собиқаи умумии кор ҳамаи давраҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрванд дохил мешаванд. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми тақйини намудҳои алоҳидаи таъминоти иҷтимоӣ, бахусус ҳангоми тақйини нафақаҳо, ба собиқаи умумии корӣ, ҳамчунин давраҳои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омӯзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омӯзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ, давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ, вақти нигоҳубини кӯдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кӯдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол, давраи истиқомати ҳамсарони ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мӯҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рӯи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол дохил карда мешаванд.
Тартиби ҳисоби собиқаи махсуси корӣ. Тавре ки дар
боло зикр кардем, собиқаи махсуси корӣ давомнокии
умумии фаъолияти меҳнатӣ (новобаста аз миқдор ва давомнокии танаффӯсҳо дар он) дар бахшҳои алоҳидаи
иқтисодиёти миллӣ, дар баъзе касбҳо, вазифаҳо ва ҷойҳои
муайян, инчунин баъзе намудҳои фаъолияти фоиданоки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё