Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҷамъиятӣ мебошад. Ҳисоби собиқаи кории махсус барои таъмини имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоӣ ба кормандон дар давраи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳангоми таъйини намудҳои алоҳидаи таъминоти иҷтимоӣ ба шаҳрвандон, зарур аст. Тартиби ҳисоби собиқаҳои кории махсусро санадҳои меъёрии соҳавӣ дар алоҳидагӣ пешбинӣ намудаанд. Мисол, тибқи қонунгузорӣ, собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ, барои хизматчиёни давлатӣ як қатор имтиёзҳо ва таъминотҳо ҳуқуқ медиҳад. Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2008, №449 тасдиқ шудааст, собиқаи хизмати давлатӣ барои гирифтани кафолатҳои зерини иҷтимоӣ ба хизматчии давлатӣ ҳуқуқ медиҳад:
-
гирифтани иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ;
-
рухсатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда;
-
баромадан ба нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
гирифтани кӯмакпулии яквақта дар сурати ба нафақа баромадан;
-
ройгон ба моликияти хизматчии давлатӣ додани хонаи истиқоматии дар фонди манзили давлатӣ ишғолкарда (ба ғайр аз хонаҳои истиқоматии хизматӣ);
-
таъйин шудан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дахлдор;
-
дигар кафолатҳои иҷтимоие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Тибқи санади мазкур, ба собиқаи хизмати давлатӣ давраи фаъолияти шаҳрванд дар мансабҳои давлатии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё