Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шаҳрванд маълумот доранд ва дар бораи кори муштарак бо ӯ дар як корхона, муассиса, ташкилот, колхоз ё як соҳа ҳуҷҷати тасдиқкунанда доранд, муқаррар карда мешавад.

Комиссияи таъйини нафақа метавонад, шоҳидонро оид ба тасдиқи собиқаи корӣ бозпурсӣ намояд ва ё нишондоди онҳоро бе бозпурсӣ ба инобат гирад, агар имзо ва дастхати онҳо дар нишондод тариқи нотариалӣ тасдиқ шуда бошад. Дар баъзе ҳолатҳо, бо дархости аризадиҳанда ё намояндаи корхона, муассиса, ташкилот, ки ҷои кори охирини корманд аст, комиссия оид ба таъйин кардани нафақа метавонад, барои тасдиқи собиқаи кории бо ҳуҷҷатҳо тасдиқнашуда, барои таъйини нафақаҳои имтиёзнок тибқи шаҳодати шоҳидон, қарор қабул намояд. Агар ному насаби дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи корӣ нишон додашуда бо ном, номи падар ё насаби дар шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд зикр шудаи шахс, мувофиқат накунад, далели мансубияти ин ҳуҷҷат тариқи судӣ муқаррар карда мешавад. Агар дар ҳуҷҷати пешниҳодшуда оид ба собиқаи корӣ танҳо солҳо нишон дода шудаанд ва дар бораи рӯз ва моҳ маълумот дарҷ нашуда бошад, он гоҳ сана 1 июли соли дахлдор ва рӯзи он 15-уми моҳи дахлдор ба ҳисоб меравад.

Давомнокии собиқаи кории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, тибқи санадҳои таъйидии (легализация) Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ дар давлатҳои хориҷие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо созишномаҳои

пешина
аз 496
навбатӣ